Тарбуз яке аз меваҳои маъмултарини фасли тобистон ба ҳисоб меравад ва таҳқиқоти нав нишон медиҳанд, ки он метавонад ба саломатии дил таъсири мусбат расонад.

Тавре ки нашрияи Healthline менависад, дар як пажӯҳиши соли 2022 муайян шудааст, ки одамоне, ки мунтазам тарбуз истеъмол мекарданд, миқдори бештари моддаҳои ғизоии муҳимро дарёфт менамуданд.

Аз ҷумла, сухан дар бораи нахҳои ғизоӣ, магний, калий, витаминҳои C ва A, инчунин ликопин ва каротиноидҳо меравад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин метавонад сифати умумии ғизои ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолонро беҳтар намояд.

Таҳқиқоти дигаре, ки соли 2025 анҷом шудааст, аз таъсири эҳтимолии муҳофизаткунандаи тарбуз барои дилу рагҳо дарак медиҳад. Олимон бар ин назаранд, ки тарбуз метавонад ба паст шудани фишори хун ва беҳтар шудани фаъолияти низоми дилу рагҳо мусоидат кунад.

Мутахассисони ғизо шарҳ медиҳанд, ки хосиятҳои муфиди тарбуз ба мавҷудияти калий, ликопин ва аминокислотаи L-ситруллин вобаста аст. Маҳз ин моддаҳо метавонанд ба тавлиди оксиди нитроген таъсир расонанд, ки барои нигоҳ доштани гардиши муътадили хун ва саломатии рагҳо аҳамияти калон дорад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳарчанд тарбуз барои дил маҳсулоти фоиданок аст, он наметавонад мустақилона хатари сактаи дил ё сактаи мағзиро пешгирӣ кунад. Аз ин рӯ, онро бояд ҳамчун ҷузъи парҳези мутавозин истифода бурд.

Ҳамчунин мутахассисон тавсия медиҳанд, ки тарбузро ба шаклҳои гуногун истеъмол намоянд: ба смузӣ ва салатҳо илова кунанд, аз он шӯрбоҳои хунуки монанди гаспачо омода созанд, бо йогурти юнонӣ ё чормағзҳо якҷо истифода баранд, инчунин онро дар шакли афшура ё шириниҳои яхкардашуда истеъмол намоянд, менаввисад korrespondent.net.