Дар ҷараёни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ
дар соҳаи маориф, рушди ҳаракатнокии академӣ, инчунин такмили фаъолияти Иттиҳоди
донишгоҳҳои туркӣ (TURKUNIB) ва барномаи мубодилаи академии «Орхун»-ро баррасӣ
намуданд.
Ба мавзӯи зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ дар низоми маориф таваҷҷуҳи
махсус дода шуд. Ба иштирокчиён ташаббусҳо оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои
муосир дар раванди таълим, суръат бахшидан ба табдили рақамии низоми маориф ва
рушди малакаҳои ҷавонон дар самти зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд.
Дар доираи ҳамоиш инчунин ҷаласаи Академияи туркӣ баргузор шуд, ки дар он
иштирокчиён дурнамои рушди таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ ва
густариши ҳамкориҳои академиро муҳокима карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои
идомаи ҳамкории фаъол дар соҳаҳои маориф, илм ва инноватсияҳо, инчунин пешбурди
корҳои муштарак ҷиҳати ташаккули фазои ягонаи таълимии ҷаҳони туркӣ тасдиқ
намуданд.