Гуфта мешавад, ки кӯдаки фавтида ҳамроҳи волидон ва наздикони худ ҳамчун сайёҳ ба Туркия омада буд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, баъд аз фаромадан аз трамвай ноболиғ миёни платформаи истгоҳ ва роҳи трамвай дармондааст. Дар натиҷаи ба ҳаракат даромадани воситаи нақлиёт кӯдак ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Айни ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркия вобаста ба ин ҳодиса корҳои тафтишотиро идома медиҳанд.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Истамбул ба оила, пайвандон ва наздикони кӯдаки фавтида ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда, барои расонидани кӯмаки консулӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои заруриро меандешад.

Бо дарназардошти он ки Истамбул як шаҳри бузург бо ҳаракати пуршиддати нақлиёт ва серодамии нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад, Консулгарии генералӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки кӯдакони ноболиғро беназорат нагузоранд ва ба таъмини бехатарии онҳо диққати махсус диҳанд.