Намояндаи Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Машарипов дар вазни то 60 кг бар рақибони худ аз Чин, Муғулистон, Бразилия ва Тоҷикистон ғолиб омада, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Дар қувваозмоии ҳалкунанда паҳлавони ӯзбекистонӣ бо намояндаи ИМА Ҷонатан Янг, ки барандаи ҷоизаи мусобиқаи силсилаи Гран-при миёни варзишгарони калонсол мебошад, қувва озмуда, пирӯзӣ ба даст овард.
Ҳамин тариқ, Муҳаммадҷон Машарипов чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон гардид ва ба хазинаи тими мунтахаби Ӯзбекистон аввалин медали тиллои мусобиқаро овард.