Ҳадафи асосии ин машқҳо, ки бо иштироки низомиёни вазоратҳои мудофиа, техникаи ҳарбӣ, неруҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини се кишвар баргузор мешаванд, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба амалиёти муштарак, беҳтар намудани ҳамоҳангии неруҳо ва мутобиқсозии расмиёти таълимӣ-тамринӣ, инчунин рушди қобилияти ҷангии воҳидҳои низомӣ мебошад.

Роҳбарони масъул таъкид карданд, ки ҷанбаҳои муҳими чунин машқҳои муштарак мубодилаи таҷрибаи пешрафта дар самтҳои гуногун, омӯзиши мутақобилаи равишу усулҳои муосир ва рушди минбаъдаи ҳамкории амалӣ байни воҳидҳои низомӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки ин машқҳо ба дар сатҳи баланд иҷро  кардани вазифаҳое, ки дар назди иштирокчиён гузошта шудааанд, табодули таҷриба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории самаранок мусоидат хоҳанд кард.

Барои маълумот: машқҳои се марҳилавӣ дар полигонҳои артиши Озарбойҷон «Қизилгая» дар минтақаи иқтисодии Қарабоғ, «Қарабоғлар» дар Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувон ва «Буюк Зира» дар бахши озарии баҳри Каспий баргузор мешаванд.