Бар асоси маълумоти охирин, дар Ҷумҳурии Демократии Конго 2 473 ҳолати тасдиқшудаи сироят ба қайд гирифта шуда, 999 нафар фавтидаанд. Дар Уганда бошад, 20 ҳолати сироят ошкор гардида, ду нафар ҷон бохтаанд.

Дар бораи хуруҷи беморӣ дар Ҷумҳурии Демократии Конго 15 май, пас аз чанд ҳолати марг дар вилояти Итурӣ, расман хабар дода шуд. Ин вилояти шимолу шарқии кишвар ҳамоно маркази асосии паҳншавии сироят ба ҳисоб меравад. Ҳолатҳои беморӣ инчунин дар чор вилояти дигар низ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Уганда аксари мубталоён шаҳрвандони Ҷумҳурии Демократии Конго мебошанд, ки аз сарҳади давлатӣ гузаштаанд. Ҳамзамон, мақомоти кишвар хабар медиҳанд, ки дар се ҳафтаи охир ягон ҳолати нави тасдиқшудаи сироят ба қайд гирифта нашудааст.

Пештар директори генералии СУТ Тедрос Адҳаном Гебрейесус изҳор дошта буд, ки хуруҷи кунунии беморӣ нисбат ба эпидемияҳои қаблӣ босуръаттар паҳн мешавад. Ба гуфтаи ҳамоҳангсози СУТ оид ба мубориза бо навъи Бундибугиё дар Ҷумҳурии Демократии Конго Тйерно Балде, авҷи паҳншавии сироят ҳанӯз паси сар нашудааст.

Ин беморӣ аз ҷониби вируси Бундибугиё, ки яке аз навъҳои вируси Эбола мебошад, ба вуҷуд меояд. То имрӯз барои ин навъи вирус ваксина ё усули махсуси табобати расман тасдиқшуда вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, СУТ хабар медиҳад, ки озмоишҳои клиникии ваксинаҳои умедбахш, инчунин доруҳои пешгирӣ ва табобати пас аз тамос бо вирус идома доранд.

Ба гуфтаи созмон, мубориза бо паҳншавии беморӣ бинобар даргириҳои мусаллаҳона дар минтақа, маҳдуд будани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва мушкилоти татбиқи чораҳои зиддиэпидемикӣ душвор гардидааст.