Сардори СУТ ин нуктаро пас аз сафараш ба пойтахти Ҷумҳурии
Демократии Конго — Киншаса, ки дар он ҷо бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва
созмонҳои башардӯстона мулоқот анҷом дод, баён намуд. Ба гуфтаи ӯ, миқёси паҳншавии
вирус тақозо мекунад, ки чораҳои зиддиэпидемикӣ ба таври ҷиддӣ тақвият дода
шаванд, менависад RuNews24.
Аз ҷумла, ҳамчун самтҳои афзалиятнок густариши дастрасии
аҳолӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ, пурзӯр намудани назорати эпидемиологӣ, таъмини
амнияти кормандони соҳаи тандурустӣ ва ташкили муносибати бехатар бо ҷасади
фавтидагон номбар шуданд.
Тедрос Аданом Гебрейесус таъкид кард, ки яке аз шартҳои
муҳими муборизаи муваффақона бо хуруҷи беморӣ эътимоди аҳолӣ ва иштироки фаъоли
онҳо дар чорабиниҳои пешгирикунанда мебошад.
Хуруҷи кунунии табларзаи Эбола, ки 17-умин мавриди бақайдгирифташуда
дар таърихи Ҷумҳурии Демократии Конго мебошад, 15 майи соли 2026 дар шарқи
кишвар сабт гардид. Рӯзи 1 август СУТ хабар дод, ки ин яке аз бузургтарин хуруҷҳои
Эбола дар таърихи кишвар ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи гирифторони беморӣ аз 3 ҳазору 700 нафар гузашта, теъдоди
фавтидагон ба на камтар аз 1 ҳазору
600 нафар расидааст.