Тавре дар Вазорати иқтисод ва молия хабар доданд, дар ин муддат 23 ҳазору 551 лоиҳа пешниҳод шудааст. Аз 4 то 18 август марҳилаи интихоби лоиҳаҳо баргузор мешавад. Дар натиҷа ташаббусҳое муайян карда мешаванд, ки барои иштирок дар марҳилаи минбаъдаи овоздиҳӣ роҳ дода хоҳанд шуд.

Вазорат аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар барнома фаъолона иштирок намуда, ташаббусҳоеро, ки ба ҳалли мушкилоти мубрами минтақаҳо равона шудаанд, дастгирӣ намоянд.