Дар
ҷараёни будубош дар шаҳри Тбилисӣ Сарвари давлати мо бо Президенти Гурҷистон Михаил Кавелашвили ва Сарвазири Гурҷистон
Ираклий Кобахидзе
музокирот баргузор кард.
Масъалаҳои
калидии таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрҷонибаи Ӯзбекистону
Гурҷистон, инчунин густариши ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ,
сармоягузорӣ, нақлиёту транзит, сайёҳӣ ва фарҳангию башардӯстона мавриди баррасӣ
қарор гирифтанд.
Аз
рӯи натиҷаҳои музокирот Эъломия дар
бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ ба имзо
расид. Ҳамчунин, маҷмӯи муҳими санадҳои дуҷониба, ки ба тавсеаи ҳамкорӣ дар
самтҳои афзалиятнок нигаронида шудаанд, мубодила гардид.
Дар
Қасри Орбелиани маросими тантанавии супоридани олитарин мукофоти давлатии Гурҷистон — ордени «Мӯинаи тиллоӣ» («Золотое руно») ба Президенти Ӯзбекистон
баргузор шуд.
Ҳамчунин,
Сарвари давлати мо дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ дар шаҳри Тбилисӣ
иштирок намуд.
Пас
аз анҷоми сафари давлатӣ Президенти Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд парвоз кард.