Дар кишвари мо 21 миллиону 255 ҳазор гектар чарогоҳ мавҷуд аст, аммо ҳамагӣ 40 фоизи масоҳати он самаранок истифода мешавад. Сарвари давлат таъкид кард, ки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар истифодаи пурраи ин захираи бузург аҳаммияти ниҳоят муҳим дорад.
Дар ҷараёни муаррифӣ вазифаҳои марбут ба ташкили иҷрои қарори ба наздикӣ имзонамудаи Президент оид ба истифодаи самараноки чарогоҳҳо муайян гардиданд. Дар назди ҳокимон вазифа гузошта шуд, ки то охири соли ҷорӣ 620 ҳазор гектар ва дар соли оянда 3 миллиону 700 ҳазор гектар чарогоҳро барқарор намуда, ҳосилнокии онҳоро баланд бардоранд. Ҳокимон якҷо бо Агентии рушди чорводорӣ ва хоҷагии чарогоҳҳо дар муҳлати як моҳ барномаҳои маҷмӯии дахлдорро тасдиқ мекунанд. Тибқи ин барномаҳо, масоҳати заминҳои таназзулёфта бояд дар соли ҷорӣ 10 фоиз ва дар соли оянда 20 фоиз кам карда шавад.
Дар вилояти Навоӣ аз ҳисоби 30 миллиард сӯми маблағҳои буҷети маҳаллӣ истгоҳи насосии «Кенгсой» таҷдид шуда, азхудкунии 20 ҳазор гектар чарогоҳ идома дорад. Бо истифода аз ин имконият 11 соҳибкор ба сохтмони обанборҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои обёрии боронӣ оғоз кардаанд. Дар натиҷа, дар ин масоҳат имкони истеҳсоли солонаи 250 ҳазор тонна хӯроки чорво барои 60 ҳазор сар чорвои калони шохдор фароҳам меояд.
Дар ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё дар 1 ҳазору 332 гектар чарогоҳ низоми обёрӣ бо истифода аз дастгоҳҳои даврзанандаи обпошӣ ҷорӣ гардида, кишти навъҳои нави зироатҳои хӯроки чорво, ки ба шароити маҳаллӣ мутобиқанд, ба роҳ монда шудааст. Супориш дода шуд, ки ин таҷриба дар ноҳияҳои Муборак ва Деҳқонобод низ ҷорӣ карда шуда, дар давоми сол 9,4 ҳазор гектар замин барои тухмипарварӣ ташкил карда шавад.
Ҳамчунин, манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои таъмини чарогоҳҳо бо об муайян гардиданд. Маблағҳои аз ҳисоби иҷораи чарогоҳҳо бадастомада дар ихтиёри хоҷагиҳои ҳудудии идоракунии чарогоҳҳо боқӣ мемонанд. Аз ҳисоби ин маблағҳо боз 448 чоҳи обӣ парма карда мешавад, ки имкон медиҳад, соли оянда таъминоти оби 1,5 миллион гектар чарогоҳ беҳтар гардад. То охири соли ҷорӣ инчунин таъмири 1 ҳазору 600 чоҳи обӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, дар соли ҷорӣ аз ҳисоби 100 миллиард сӯм маблағҳои буҷетӣ 161 иншооти гидротехникӣ барои обёрӣ сохта мешавад. Дар солҳои 2027 ва 2028 бошад, ҳар сол бунёди 81 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст. Ҳамин тариқ, шумораи умумии чунин иншоот ба 323 адад мерасад. Дар натиҷа, имкони барқарорсозии 969 ҳазор гектар чарогоҳ фароҳам хоҳад шуд.
Масъалаи ба расмият даровардани ҳуқуқи моликиятии чорводороне низ баррасӣ гардид, ки солҳои зиёд аз чарогоҳҳо истифода мебаранд. Барои ба номи истифодабарандагони воқеӣ ба расмият даровардани 623 ҳазор гектар чарогоҳ, ки айни замон дар онҳо 260 ҳазор сар чорво мечарад, муҳлати ваколатҳои комиссияи дахлдор то охири сол дароз карда мешавад.
Барои сокинони минтақаҳои дурдаст, ки дар хоҷагиҳои шахсии худ чорво парвариш мекунанд, чарогоҳҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд. То охири соли ҷорӣ ба 470 маҳалла 627 ҳазор гектар чарогоҳ ба таври ройгон ва ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода мешавад. Ин заминҳо аз андоз озод хоҳанд буд.
Тибқи тартиби нав, ба сохтмони маҷмааҳои чорводорӣ бидуни тағйир додани гурӯҳи заминҳои чарогоҳӣ иҷозат дода мешавад. Ҳамзамон, арзиши ибтидоии қитъаҳои замин ва андози замин тибқи ҳамон қоидаҳое ҳисоб карда мешаванд, ки барои заминҳои таъиноти кишоварзӣ амал мекунанд. Дар вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд ва Сурхондарё сохтмони 15 маҷмааи чорводорӣ бо масоҳати умумии 130 гектар ба нақша гирифта шудааст. Ин маҷмааҳо барои парвариши беш аз 55 ҳазор сар чорво пешбинӣ шудаанд.
Таъкид гардид, ки чарогоҳҳоро на танҳо барои чаронидани чорво, балки барои рушди экотуризм, занбӯриасалпарварӣ, хоҷагии шикор, кирмакпарварӣ, парвариши гиёҳҳои шифобахш ва ниҳолҳо низ самаранок истифода бурдан мумкин аст. Аз ин рӯ, ба иҷораи чарогоҳҳо барои пешбурди чунин намудҳои фаъолият низ иҷозат дода мешавад. Ҳамзамон, зарурати ҳифзи низоми табиии экологии чарогоҳҳо ва таъмини барқароршавии онҳо ҳангоми татбиқи чунин лоиҳаҳо таъкид гардид.
Ба масъулон оид ба барқарорсозии чарогоҳҳо, таҳкими заминаҳои обу хӯроки чорво ва дар маҳалҳо татбиқ намудани имкониятҳои нав барои аҳолӣ ва соҳибкорон супоришҳои дахлдор дода шуданд.