Ман
ба Президенти Қирғизистон муҳтарам Садир Нургоҷиевич Ҷапаров барои ташабуссаш
бобати баргузор кардани мулоқоти ғайрирасмии мо ва истиқболи гарм дар соҳили
“баҳри Қирғиз”-Иссиқкӯли зебо самимона сипосгузорӣ менамоям.
Дар
ин ду рӯзи саёҳат ба Қирғизистон аз ислоҳоти васеъмиқёсе, ки таҳти роҳбарии
Шумо татбиқ мегарданд, таассуроти хуб бардоштам.
Кишвар
дар роҳи рушди иқтисодӣ суръатҳои баландро намоиш медиҳад, обрӯйи байналмилалии
он мунтазам меафзояд.
Шумо
ва халқи бародари қирғизро ба муносибати узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ
интихоб шуданатон муборакбод мекунам.
Ҳамчунин
мехостам ба Президенти Туркманистон Сердар
Гурбангулиевич Бердимуҳамедов барои сарварии хубаш дар Мулоқоти машваратӣ
миннатдорӣ баён кунам.
Муҳтарам
иштирокдорони мулоқот!
Ҳоло
мо дар арафаи ҷашни 35-умин солгарди истиқлолиятии давлатҳои худ ҷамъ омадем.
Тӯли
ин солҳо ҳар як мамлакат роҳи махсус ва нотакрори худро барои истиқрори давлатӣ,
рушди иқтисодӣ ва эҳёи миллӣ тай намуд.
Ба
шарофати саъю кӯшишҳои муштарак Осиёи Марказии дар собиқ пароканда алҳол барои ҳадафҳои
умумии пешрафт муттаҳид мегардад.
Баробари
ин воқеияти мураккаб ва душвори байналхалқӣ аз мо саъю ҳаракатҳои қатъии
минбаъда ва ҳамоҳангии беш аз пеш қаринро тақозо менамояд.
Ба
формати Мулоқоти машваратӣ ҳамроҳ шудани Озарбойҷон ҳамкориҳои тарафайни моро
ба дараҷаи сифатан нави макроминтақавӣ мебардорад.
Дар
назди мо имконияти таърихии ташаккул додани соҳати ягонаи пешрафт, ки Осиёи
Марказӣ, Кавкази Ҷанубӣ ва ҳамсояи наздики мо – Афғонистонро муттаҳид менамояд,
боз мегардад.
Бояд
ин фурсат пурра истифода гардад ва бо саъю ҳаракатҳои муштарак баҳри рушди
устувор, робитаи тарафайн ва некҳамсоягӣ дар қалби Авро Осиё пояи мустаҳкам
гузошта шавад.
Ҳамкорони
муҳтарам!
Фурсате
расид, ки тарҳи устувори ҳамкориҳои тарафайни минтақавиро ташаккул диҳем. Ин
тарҳ бояд ба идораҳои самарабахши ҳамкорӣ, робитаҳои қарини идораҳои соҳавӣ,
алоқаҳои бевоситаи минтақаҳо ва барномаҳои муштараки дарозмуҳлат дар ҷанбаҳои
асосии рушд такя кунад.
Бояд
ҳамоҳангӣ дар доираи созмонҳои байнидавлатӣ ва формати “Осиёи Марказӣ ҷамъ”
пурзӯр карда шавад, субъекти байналхалқии минтақаи мо мустаҳкам гардад.
Коркарди
соҳавӣ бобати мустаҳкам намудани иртиботи савдову иқтисодиёт ва нақлиёти
тарафайн тақозо мегардад, бояд силсилаҳои вобастаи саноативу технологӣ, рушди
хидматҳои умумии рақамӣ ва ба роҳ гузоштани платформаҳои сармоявӣ пурзӯр карда
шаванд.
Осиёи
Марказӣ бояд маркази рақобатбардори таълим, илму инноватсия дар соҳати
маълумоти бузург гардад.
Ба
ин метавон аз тариқи созмон додани инфрасохтори
ягона, ки иқтидорҳои кадрӣ, технологияи зеҳни сунъӣ, марказҳои маълумот
ва имкониятҳои энергетикиро муттаҳид менамоянд, муваффақ шуд.
Ғамхорӣ
дар бораи муҳити атроф мунтазам дар рӯзномаи минтақавӣ қарор дошт ва ҷиҳати
бартариноки он боқӣ мемонад.
Хурӯҷҳое,
ки дар соҳати ягонаи табиии мо ба миён меоянд, сарҳадҳои давлатиро эътироф
намекунанд, ин маънои онро дорад, ки ҷавоб ба ин хурӯҷҳо бояд ягона бошанд.
Гармои
фавқулоддаи тобистони имсола бори дигар нишон дод, ки тағйироти иқлим аллакай
ба омиле табдил меёбад, ки ба иқтисодиёт, амнияти об ва энергетика, саломатии
мардум ва сифати ҳаёт бевосита таъсир мерасонад.
Барои
обсозиши муштарак нисбати ин таҳдидҳои нав бояд қарорҳои дарозмуҳлат дарёфта
шаванд.
Дар
байни афзалиятҳои мустақими ҳамкориҳои мо ченаки инсонпарварӣ мавқеи муҳим
дорад.
Халқҳои
мо асрҳо ҳампаҳлу зиста, савдоро ривоҷ доданд, бинобар илму дониш ва анъанаҳои
фарҳангӣ мубодила намуданд.
Баробари
амиқ гардидани ҳамкориҳои тарафайни замонавӣ эҳсоси ягонагӣ низ мустаҳкам
мегардад. Якҷо бо ҳифз кардани махсусияти миллии халқҳои мо торафт хусусияти
умумиминтақавӣ фароҳам меояд.
Бовар
дорам, ки сифатан нав кардани моҳияти корҳо дар соҳаи мазкур эҳсоси ягонагӣ, ҳамдилӣ
ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳоямонро мустаҳкам хоҳад кард.
Дӯстони
азиз!
Ман
ташаббусҳо ва таклифҳоро, ки имрӯз бобати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мо гуфта
шуданд, куллан дастгирӣ мекунам.
Аз
фурсат истифода бурда ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт
Кемелевич Тоқаев ва тамоми халқи Қазоқистон барои баргузор кардани интихоботи
пешистода ба Қурултойи нав комёбиҳо орзу мекунам.
Дар
анҷом мехостам бори дигар эътимоди амиқи худро дар бораи он ки саъю кӯшишҳои
умумии мо аз ягонагӣ, эътимоди тарафайн
ва садоқати қатъӣ нисбати бунёдкориҳои муштарак иборат аст, таъкид намоям.
Ба
ҳама сиҳҳату саломатӣ, сулҳу салоҳ ва комёбиҳои нав, ба мардуми кишварҳоямон
бошад, фаровонҳоливу шукуфоӣ орзу мекунам.