12 ноябр ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад

    Воқеаҳо 11 Noyabr 2021 707

    12 ноябри соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад.

    Интизор меравад, сарони ҳукуматҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ИДМ табодули афкор намуда, мавзӯъҳои марбут рекултиватсияи қаламравҳои аз истихроҷи уран зарардида, рушди нақлиёти роҳи оҳанро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

    Ғайр аз ин дар назар аст, ки дар бораи раисии Кумитаи ҷанговарони байналмилалии назди Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ қарор қабул карда, сана ва ҷои баргузории маҷлиси навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо муайян карда шавад.

    Ҳамчунин имзои ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои ҳамҷавор дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, ҳамкориҳои инноватсионӣ дар назар аст.

    Дар назар аст, ки дар ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2022 тасвиб шавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates