Ар ин бора дар фармоиши ҳукумат аз 28 феврал муқаррар гардидааст.

Мувофиқи фармоиши Девони Вазирон таҳти рақами 72, ҳашарҳо таҳти шиори «Ободии Ватан пеш аз ҳама, аз маҳалла оғоз меёбад!» баргузор мешаванд.

Тибқи ҳуҷҷат, дар ҷараёни ҳашари хайриявии умумхалқӣ гирду атрофи маҳаллаҳо, нуқтаҳои аҳолинишин, хонаҳои бисёрошёна, ҳавлиҳо, инчунин, гузарҳо, зиёратгоҳ, қабристон, кӯча ва роҳравҳо, майдончаҳои кӯдакон ба тартиб оварда мешаванд, корҳои сафедкунӣ ва буридани шохаҳои дарахтон ташкил мегарданд.

Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар атрофи маҳалла ва хонаҳои аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда мешаванд.