Дар суҳбати самимӣ масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон – Қирғизистон баррасӣ гардиданд.

Бо мамнуният таъкид шуд, ки ҳаҷми савдои мутақобила босуръат афзуда, дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, хоҷагии об ва дигар самтҳои афзалиятнок лоиҳаҳои кооператсионӣ пешбарӣ мешаванд. Мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ низ густариш меёбад.

Масъалаҳои татбиқсозии тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, инчунин чораҳо ҷиҳати суръат бахшидани лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон” муҳокама шуданд.

Ҳамчунин, роҳбарон оид ба ҷанбаҳои муҳимм рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор намуда, нақшаи чорабиниҳои сатҳи олии минбаъдаро баррасӣ карданд.