Мубориза байни мардон дар 13 вазн, байни занон дар ёздах вазн барпо мегардад. Дар сабқати мардон 95 нафар, дар байни занон 54 нафар ширкат мекунанд.

Намояндагони мактабҳои бокси Камбоҷа, Чин, Индонезия, Ироқ, Қазоқистон, Кувайт, Қирғизистон, Лаос, Малайзия, Муғулистон, Непал, Покистон, Филиппин, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Шри-Ланка, Тоҷикистон, Таиланд, Ӯзбекистон ва Ветнам барои медалҳо рақобат мекунанд.

Ҳайати имрӯза:

Санҷар Тошкенбай (Қазоқистон) - Анварҷон Ҳоҷиев (Қирғизистон) дар вазни то 48 кг;

Суксахон Суксахон (Лаос) - Сунар Индра Баҳодур (Непал) то 57 кг;

Собирхон Маҳмуд (Қазоқистон) - Мирзобек Мирзохалилов (Ӯзбенкистон) то 57 кг;

Акайлар Жеричо (Филиппин) – Хусравхон Раҳимов (Тоҷикистон) то 57 кг;

Тегжаргал Энктур (Муғулистон) - Алкобер Мервин Лаки (Филиппин) то 60 кг;

Ян Минг (Чин) - Абубакр Муродзода (Тоҷикистон) то 60 кг.

Ҷангҳо тақрибан соати 12 ба вақти Тошканд оғоз мешаванд. Барои онҳое, ки мехоҳанд ҷангҳоро дар интернет тамошо кунанд, мо линкро дар YouTube мегузорем.