24 август ҷамъомади умумии 44-уми Сенати Олий Маҷлис баргузор мегардад

    22 август ҷамъомади навбатии Шӯрои Сенати Олий Маҷлис баргузор гардид. Ба кори он Раиси Сенат Танзила Норбоева раҳбарӣ кард.

    Дар он дар бораи 24 августи соли 2023 даъват намудани ҷамъомади умумии чилу чоруми Сенат қарор қабул шуд.

    Зимнан зикр гардид, ки дар ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс доир мегардад, баррасии як қатор масъалаҳо дар назар аст.

    Қонунҳо «Дар бораи ҳифзи растаниҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба такмили танзими асъор, муносибатҳои иҷора ва лизинг» нигаронда шудаанд, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба баланд бардоштани хабардории ҷомеа аз фаъолияти мақомоти нигаҳдории тандурустӣ» нигаронда шудаанд, «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» аз ҷумлаи онҳост.

    Дар ҷамъомади умумӣ ҳамчунин баррасии натоиҷи омӯзиши иҷрои барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии қаламравҳои вилоятҳои Сурхондарё ва Хоразм дар назар аст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates