28 апрел дар Тошканд аксияи “Рӯзи бидуни мошин” баргузор мешавад

    Сайёраи сабз 25 Aprel 2023 1886

    28 апрели соли равон дар мавзеъҳои гуногуни пойтахти мо иқдоми «Рӯзи бидуни мошин» баргузор мешавад.

    Аҳамияти ин чорабинӣ бесобиқа аст – аз як тараф, ин тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ бошад, аз тарафи дигар, нигоҳ доштани устувории муҳити зист, ҳадди аксар кам кардани партоби газҳои заҳролуд ба табиат мебошад.

    Аз ин рӯ, дар чаҳорчӯби ин рӯз чорабиниҳои зиёде доир карда мешаванд, ки ба коҳиш додани ҳаракати мошинҳои шахсӣ, тарғиби афзалиятҳои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, велосипедронӣ ва сайру гашт дар байни аҳолӣ нигаронида шудаанд.

    Аксияи "Рӯзи бидуни мошин" аз соли 1995 дар ҷаҳон баргузор мешавад. 23 сол мешавад, ки он дар саросари ҷаҳон маъруфият пайдо кардааст.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates