40 нафар намояндагони санъати муосири Ҷопон ба Тошканд омаданд

    Фарҳанг 29 May 2024 1019

    Дар назди Театри давлатии академии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, ки яке аз рамзҳои муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистону Ҷопон маҳсуб мешавад, шаби фарҳангии Ӯзбекистону Ҷопон баргузор шуд.

    Ин чорабинии беназири фарҳангӣ бори аввал аз ҷониби Ҷамъияти робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишии Ҷопон-Ӯзбекистон бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва сафорати кишвари мо дар Токио ташкил карда шуд. Барои ширкат дар чорабинӣ ба Ӯзбекистон 40расссом ва намояндагони санъати замонавӣ аз Ҷопон омаданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Иштирокдорон ва меҳмонони шабро мушовири вазири фарҳанги Ӯзбекистон Шавкат Ортиқов хайрамақдам гуфт. У кайд кард, ки муносибатхои байни мамлакати мо ва Ҷопон бо суръати тез инкишоф меёбанд. Сафари таърихии Президенти Ӯзбекистон ба Ҷопон дар моҳи декабри соли 2019 заминаи муҳими таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба гардид ва имшаб ифодаи амалии дӯстии гарм ва эътимоди мутақобилаи халқҳои ду кишвар мебошад.

    Раиси Ҷамъияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишии Ҷопон ва Ӯзбекистон Тетсуро Ямасака изҳор дошт, ки Ӯзбекистон бо мардуми дӯсту меҳмондӯст, имкониятҳои васеъ ва фарҳанги нотакрори худ мафтун мекунад, ки ба рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ мусоидат мекунад.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates