Ҳамватани мо дар финал тавонист ба таври олиҷаноб бар Кётаро Собагеи ҷопонӣ пирӯз шавад.
Ин аввалин қаҳрамонии Атабоеви 21-сола дар чемпионати қитъавӣ байни калонсолон мебошад.
Рӯзи дувуми чемпионати Осиё оид ба гӯштии варзишӣ дар Қазоқистон барои тими миллии Ӯзбекистон бобарор буд. Аброр Атабоев дар вазни то 67 кг бар ҳамаи рақибон ғолиб омада, медали тилло гирифт.
Ҳамватани мо дар финал тавонист ба таври олиҷаноб бар Кётаро Собагеи ҷопонӣ пирӯз шавад.
Ин аввалин қаҳрамонии Атабоеви 21-сола дар чемпионати қитъавӣ байни калонсолон мебошад.
Дар Тошканд чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта (ММА) байни калонсолон ва ҷавонон ба анҷом расид. Қобили қайд аст, ки баъди командаи калонсолон паҳлавонони ҷавони мо низ натиҷаи беҳтарин ба даст оварда, дар ҷадвали медалҳо ҷои якумро гирифтанд.
Дар Самарқанд чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ ба анҷом расид. Дар рӯзи дуввуми мусобиқот намояндагони мунтахаби Ӯзбекистон боз ҳам бомуваффақият баромад карда, 2 медали тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасони U14 ва U16 дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба анҷом расид. Боиси хушнудист, ки мунтахаби ҷавонони то 16-солаи Ӯзбекистон дар ҳисоби медалҳо мақоми аввалро касб кард.
65 нафар намояндагони варзиши сабуки Ӯзбекистон бори аввал дар таърих ба ин оғозҳои муҳими соли ҷорӣ, ки то 8 сентябр давом мекунанд, аз рӯи 9 намуди варзиш 113 роҳхат гирифтанд.
Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024, ки чанд рӯз боз дар маркази таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳон қарор доштанд, ба анҷом расид. Дар ин бозиҳо, ки дар он зӯртарин варзишгарони 206 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд, ҳайати Ӯзбекистон тавонист натиҷаи беҳтаринро дар таърихи худ сабт кунад.