Фурудгоҳи Андиҷон хидматрасонии парвозҳои байналмилалиро аз нав сар кард

    Нақлиёт 13 Avgust 2025 1451

    12 август дарвозаи ҳавоии Андиҷон, ки пас аз бозсозии калон дар моҳи марти соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз карда, нахустин парвози байналмилалиро анҷом дода буд.

    Тавре ки ширкати Uzbekistan Airports хабар медиҳад, самти аввалин парвози мунтазам хатсайри ширкати ҳавопаймоии дохилии Flyone Asia бо масири «Андиҷон – Ҷидда – Андиҷон» гардид, ки ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе — иҷро хоҳад шуд.

    Парвози нахустини хатсайри Q7 2261 дар фазои идона баргузор гардида, дар дохили ҳавопаймо 151 мусофир ҳузур доштанд. Намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ таъкид намуданд, ки роҳандозии ин масир имкониятҳои сафарҳои ҳаҷҷу умра, сайёҳӣ ва тиҷоратиро васеъ намуда, робитаҳои байни Ӯзбекистон ва Арабистони Саудиро тақвият мебахшад.

    Дар айни замон аз фурудгоҳи Андиҷон инчунин парвозҳои мунтазам ба самти Тошканд — тавассути ширкати Silk Avia (рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе) ва ширкати Uzbekistan Airways (рӯзҳои чаҳоршанбе ва шанбе) анҷом дода мешаванд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates