Дар Судон ҳавопаймои боркаши низомии Ил-76 суқут кард ва дар натиҷа ҳамаи аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Agence France-Presse (AFP) бо истинод ба як манбаъ хабар дод.
"Ҳавопаймои Ил-76 пас аз кӯшиши фуруд омадан дар пойгоҳи ҳавоии “Осман Дигна” суқут кард", - хабар дод ниҳод бо истинод ба як манбаи номаълум.
Ба гуфтаи манбаъ, пеш аз ҳодиса як носозии техникӣ рух додааст.
Манбаъ инчунин гуфтааст, ки "ҳамаи аъзои экипаж ҳалок шудаанд", хабар дод AFP.
Шумораи дақиқи қурбониён то ҳол маълум нашудааст, гузориш дод tass.ru.