баннер
15 Mar 2025
01:42

    Агентии муҳоҷират ва «КамАЗ» созишнома оид ба бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба имзо расониданд

    Директори Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон Беҳзод Мусаев ва роҳбарияти «КамАЗ» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки ба муташаккилона бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисон равона шудааст.

    Ҳуҷҷат тайёр намудани мутахассисон дар Ӯзбекистонро дар бар мегирад, аз ҷумла омӯзиши касбӣ ва курсҳои забон, фароҳам овардани шароити мувофиқ барои гузаронидани озмунҳо, инчунин таъмин намудани шаҳрвандони Ӯзбекистон бо ҷойи кор дар корхонаҳои «КамАЗ».

    Айни замон дар ин корхона беш аз 500 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз ҷониби Агентӣ фиристода шудаанд, муваққатан фаъолият мекунанд.

    Корхона ба истеҳсоли мошинҳои боркаш, автобусҳо, муҳаррикҳои гуногунқувват ва техникаи махсус ихтисос дорад.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech