Агентии Ӯзбеккосмос" бо Хидмати геологии ИМА лоиҳоҳои якҷояро муҳокима кард

    Намояндагони агентии «Ӯзбеккосмос», ки ҳамкории байналхалқиро дар соҳаи тадқиқот ва технологияи кайҳонӣ инкишоф медиҳад, бо мутахассисони Хидмати геологии ИМА (USGS) вохӯрданд.

    Зимни муколама таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба таҳлили аксҳои моҳвораӣ дар як қатор соҳаҳо, аз қабили геология, идоракунии захираҳои об, кишоварзӣ, табодули таҷриба дар ин самт ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо нигаронда шуд.

    Қобили зикр аст, ки Агентии «Ӯзбеккосмос» бо Хадамоти геологии ИМА равобити мустаҳками ҳамкорӣ барқарор кардааст ва мулоқоти нахустини ҷонибҳо моҳи апрели соли 2024 баргузор шуда буд.

    Барои маълумот: ин агентӣ, ки аз соли 1879 дар иёлати Вирҷинияи ИМА фаъолият мекунад, асосан ба таҳлили тасвирҳои кайҳонии геологӣ ва омӯзиши илмии Замин машғул аст. "USGS" инчунин моҳвораҳои силсилаи Landsat -ро назорат ва идора мекунад.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates