Ба кишоварзони Қароқалпоқистон субсидия дода мешавад

    Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон «Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи муваққатӣ дар бораи тартиби додани субсидия ба субъектҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ки пахта, зироати ғаллагии хушагӣ, ва шолӣ мерӯёнанд, барои хароҷоти ҳамворкунии замин бо истифода аз агрегатҳои заминсозӣ бо дастгоҳи лазерӣ дар солҳои 2024-2025» аз 24 июни соли 2024 № 348 қабул гардид.

    Мувофиқи Низомномаи муваққатӣ барои пӯшонидани хароҷоти сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ба ҳар гектар замини корам, ки бо сатҳи бо асбоби лазерии нивелирӣ ҳамвор карда шудаааст, ба маблағи 100 фоиз, вале на бештар аз 1 миллион сӯм субсид ҷудо карда мешавад.

    Дархостҳо барои гирифтани субсидия тавассути системаи иттилоотии «Agrosubsidiya» пешниҳод карда мешаванд. Гурӯҳи корӣ дар давоми 3 рӯз бо дидани ҷойи ҳодиса мутобиқати заминро ба талабот омӯхта, хулоса омода мекунад.

    Дар асоси хулосаи гурӯҳи корӣ Вазорати кишоварзӣ дар бораи додани субсид қарор қабул мекунад.

    Дар марҳилаи аввал дар соли 2024 субсид барои татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияҳои Амударё, Турткўл ва Берунӣ ҷудо карда мешаванд. Дар соли 2025 барои татбиқи лоиҳаҳо дар ҳамаи ноҳияҳои Қароқалпоқистон субсид ҷудо карда мешавад.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ эълон шуда, 25 июни соли 2024 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад "Norma".


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates