Ҳолати  кор бо муроҷиати аҳолӣ таҳлил гардид

    Ҳукумат 23 Iyul 2021 7744

    Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 23 июл ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба чорабиниҳои ташкили низоми нави кор бо муроҷиати аҳолӣ баргузор гардид.

    Роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохта, таъкид карда буд, ки қоидаи асосии роҳбарони ҳамаи дараҷаҳо принсипи «На халқ барои мақомоти давлатӣ хизмат намояд, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хизмат кунад» бояд гардад.

    Ин принсип чун самти бартариноки сиёсати давлатӣ муайян карда шуд. Баъдан пас аз он, 28 декабри соли 2016 фармони Президент дар бораи кор бо муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ қабул гардида буд. Қабулхонаҳои халқӣ ва Қабулхонаи виртуалии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бинобар ин ҳуҷҷат ташкил гардиданд, низоми ҳамкории байни мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандонро ташаккул доданд.

    Таҷрибаи корандозии гуфтугӯҳои кушод дар маҳалҳо ва қабулхонаҳои сайёри роҳбарони тамоми дараҷаҳо дар мардум ҳисси умед ва бовариро барои имконияти ҳалли масъалаҳо бедор намуд. Мақомоти давлатӣ «ба поён фуромаданд» ва бинобар ниёз ва дархости аҳолӣ корро шурӯъ карданд.

    Таҳлили масъалаҳои доғе, ки дар муроҷиатҳо ба Қабулхонаҳои халқӣ ва зимни қабулҳои сайёр бардошта шудаанд, оғози бисёр ислоҳот гардид. Чор сол қабл аз ин ба ҳисоби миёна моҳе 100 ҳазор муроҷиат доир ба масъалаҳои конвертатсияи асъор, сабти ном, пардохти нафақа ва кӯмакпулӣ дар шакли нақд мерасиданд. Ба туфайли кори низомнок дар бобати бартарафсозии мушкилот дар соҳаҳои мазкур муроҷиатҳо дар ин масъалаҳо тамоман аз байн рафтанд.

    Инчунин тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандии Ӯзбекистон барои қариб 100 ҳазор оила ҳаллу фасл гардид.

    Дар натиҷаи кор оид ба мустаҳкамсозии адолат ва шаффофият дар низоми суд ва мақомоти тафтиш 250 ҳазор шикоят, ки солҳои зиёд ҳалли худро наёфта буданд, аз байн бурда шуданд.

    Дар ҷамъомад ҳолати имрӯзаи кор бо муроҷиати аҳолӣ дар қисмати вазорат ва минтақаҳо муҳокима гардид.

    Роҳбари давлат ногузирии дар худи маҳаллаҳо дар навбати аввал ҳал намудани мушкилоти доимиро, ки боиси муроҷиати шаҳрвандон мегарданд, таъкид намуд.

    Барои ин ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо ҳафтае барои қабули шаҳрвандон ду рӯз ҷудо мекунанд, дар ҳокимиятҳо қабули ҳамарӯза роҳандозӣ хоҳад шуд.

    – Кабинети ҳоким «қабулхонаи халқӣ» мегардад. Ҳар як роҳбар бояд стратегияи онро дошта бошад, ки муроҷиатҳоро чӣ гуна баррасӣ мекунад ва ба чӣ эътибор медиҳад, – гуфт Президент.

    Қабулхонаҳои виртуалӣ ва саҳифаҳои шахсии ҳокимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои қабули шабонарӯзии муроҷиати аҳолӣ ба вуҷуд оварда мешаванд.

    Таъкид шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Қабулхонаҳои халқӣ 100 ҳазор муроҷиат оид ба масъалаҳои кор ва соҳибкорӣ расидааст. Инҳоро бо қувваи худи ҳокимон пурра ҳал кардан мумкин аст.
    Барои мисол, маркази кори «маҳаллабайъ» дар ноҳияи Пасдарғом 117 маҳалларо омӯхта, маълум намуд, ки 4 ҳазор нафар бекор доштааст. Аз ҳисоби таълими касб ва соҳибкорӣ, ҳамдастӣ дар бобати таҳияи бизнес-лоиҳаҳо, дарёфти кредит ва субсид бо кор таъмин намудани беш аз се ҳазор нафар ҳаллу фасл гаштааст.

    Ба аҳамияти татбиқи чунин ташаббусҳо дар дигар минтақаҳо низ ишора гардид.

    Таъкид шуд, ки бештар аз ҳама муроҷиатҳо дар масъалаҳои таъмини газу электр, кор, манзил, замин, хидмати тиббӣ ва маорифи халқ мерасанд. Чораҳои бартарафсозии онҳо муайян гардиданд.

    Барои мисол имконоти татбиқи ба ҷойи додани тартиби ордер, ки қариб нимаи муроҷиатҳоро дар соҳаи тиббиёт ташкил менамояд – татбиқи низоми ошкор ва шаффоф таъкид гардид, ки ин имкон медиҳад теъдоди шикоятҳо 10 ҳазор кам гардад.

    Минбаъд пойгоҳи умумии электронии тамоми муроҷиатҳо ҷорӣ мегардад, Қабулхонаҳои халқӣ дар ҳар се моҳ рейтинги кушоди кори мақомоти давлатиро дар ин самт мебаранд. Барои тамоми вазорат ва идораҳо, ҳокимиятҳо онлайн-платформаи барои ҳама ягона барои сабти ном, баррасӣ ва назорати натиҷаи муроҷиатҳо ба вуҷуд оварда мешавад. Натиҷаи мониторинг ҳар моҳ ба Сенат ва Ҳукумат пешниҳод мегардад, ки онҳо мавриди муҳокимаи танқидӣ қарор мегиранд.

    Ғайр аз ин дар Сенат дар ҳар се моҳ, дар шӯроҳои маҳаллӣ дар ҳар моҳ ҳисоботи роҳбарони вазорат, идора ва минтақаҳо дар бобати ҳолати ҳалли масъалаҳое, ки дар муроҷиати аҳолӣ бардошта мешаванд, шунида мешаванд.

    Аз рӯйи масъалаҳое, ки дар ҷамъомад муҳокима гардиданд, шахсони масъул дар бобати чорабиниҳои оянда доир ба ташкили низоми нави кор бо муроҷиати аҳолӣ ҳисобот доданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates