Фаъолони ҳаракати «Оқила аёл» бо пардохтҳои пулӣ ҳавасманд гардонда мешаванд

    Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 24 августи соли 2024 № 527 "Дар бораи чораҳои ҳавасмандгардонии бонувони фаъол ва аъзои ҳаракати бонувони "Оқила аёл" дар маҳаллаҳо" қабул гардид.

    Аз 1 сентябри соли 2024 иштирокчиёни фаъол ва ташаббускори ҳаракати «Оқила аёл» аз ҳисоби маблағҳои ба Фонди давлатии дастгирии оила ва занон ва ҷамъияти тарғибгарони «Маърифат» ҷудошуда аз рӯи натиҷаҳои кори ҳар як нимсола ба миқдори 1 баробари андозаи ҳади ақали музди меҳнат рағбатнок гардонда мешаванд. Дар ин маврид:

    натиҷаҳои фаъолият дар ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия (шаҳр) дар маҷлисҳои Кумитаи оила ва занон ва шуъбаҳои территориявии он дар ним сол як маротиба муҳокима карда шуда, шахсони фаъолу ташаббускор, ки ба натиҷаҳои баландтарин ноил гардидаанд, муайян карда мешаванд;

    10 нафар дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, 3 нафарӣ дар сатҳи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва пойтахт, 2 нафарӣ дар сатҳи ноҳияҳо (шаҳар) интихоб карда мешаванд;

    300 нафар занон дар сатҳи маҳалла ҳавасманд карда мешаванд.

    Тартиби мукофотонидани занони фаъолро, ки ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд, Кумитаи оила ва занон муайян мекунад.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ бо забони ӯзбекӣ нашр шуда, аз 26 августи соли 2024 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад "Norma".


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates