Ҳамкорӣ бо САҲА густариш меёбад

    9 ноябр Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо ҳайати иборат аз сарони миссияҳои дипломатии Бритониёи Кабир, Олмон, ИМА ва Фаронса дар САҲА вохӯрд.

    Дар рафти суҳбат оид ба ислоҳот ва дигаргуниҳои демократӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва озодии воситаҳои ахбори оммавӣ, ки дар кишварамон татбиқ мешаванд, мубодилаи афкор ба амал омад.

    Ҳамчунин дар бораи масъалаҳои ҳамкории Ӯзбекистон ва САҲА, корҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои ин созмон дар кишвари мо сухан ронда шуд.

    Таъкид гардид, ки солҳои охир ҳамкории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон бо Ассамблеяи парлумони САҲА ба дараҷаи назаррас фаъол гардида, муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

    Зимнан зикр гардид, ки барои ҳамкорӣ бо САҲА дар соҳаҳои иқтисодӣ ва экологӣ имконоти бузурги истифоданашуда мавҷуд аст, ки дар робита ба ин татбиқи лоиҳаҳои нав зарур аст.

    Ба меҳмонон инчунин дар бораи рафти ислоҳоти конститутсионии Ӯзбекистон, ки айни ҳол гузаронда мешавад, назардошти андеша ва пешниҳодҳои аҳли ҷомеа дар заминаи ғояи «Ҷомеа - ташаббускори ислоҳот» маълумот дода шуд.

    Ҳамчунин доир ба ташкили самараноки иҷлосияи тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии САҲА, ки соли оянда бори аввал дар таърих дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, табодули афкор сурат гирифт.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот дар бораи таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ оид ба татбиқи нақшаву лоиҳаҳои пешбинишуда мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates