Шумораи қурбониёни ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза ба 232 нафар расид. Дар ин бора телеканали қатарии Al Jazeera хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти манбаъ, дар натиҷаи силсилаи ҳамлаҳои неруҳои ҳавоии Исроил ба ҳудуди ин минтақаи фаластинӣ, на камтар аз 232 нафар ҳалок шуданд. Гуфта мешавад, ки дар байни ҳалокшудагон шумораи зиёди занон ва кӯдакон ҳастанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки шумораи қурбониён ба 200 нафар расидааст.
18 марти соли ҷорӣ Артиши мудофиаи Исроил (ЦАХАЛ) аз анҷоми ҳамлаҳои густарда ба иншооти террористии ҳаракати фаластинии ҲАМОС дар Навори Ғазза хабар дод. Ҳамзамон, хабарнигори портали амрикоии Axios Барак Равид дар шабакаи иҷтимоии Х, бо истинод ба дафтари нахуствазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу, изҳор дошт, ки Исроил дубора амалиёти низомиро бар зидди ҲАМОС дар ин минтақа оғоз кардааст, иттилоъ медиҳад tass.ru.