Рафти корҳои амалӣ ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 1 Iyun 2022 4571

    1 июн дар назди Президент Шавкат Мирзиёев баррасии иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва нақшаҳои минбаъдаи соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ба амал омад.

    Тавре маълум аст, 18 марти соли равон сарвари давлат бо кормандони соҳаи тиб мулоқоти ошкоро доир намуд. Дар асоси мушкилоту пешниҳодҳое, ки дар он ҷамъомад муҳокима шуданд, оид ба ҷорӣ намудани усулҳои замонавии табобат, минбаъд ба аҳолӣ наздиктар кардани хизмати тиббӣ, зиёд кардани музди меҳнати коркунони сооҳа як қатор вазифаҳо ба миён гузошта шуданд.

    Аз аввали сол дар маҳалҳо 85 бунгоҳи тиббии оилавӣ ва поликлиника кушода шуд, ки ба туфайли ин дастрасии бештар аз 700 ҳазор нафар одамон ба хизмати тиббӣ беҳтар гардид. Дар минтақаҳо намудҳои иловагии амалиёти ҷарроҳии баландтехнологӣ: 27 дар ҷарроҳӣ, 7 эндокринология ва 14 дар кардиология ҷорӣ карда шуданд.

    Дар моҳҳои охир аз ҳисоби Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ ба зиёда аз 25 ҳазор нафар шаҳрвандони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир кумаки тиббӣ расонида шуд. Дар Қароқалпоқистон, Ҷиззах, Қашқадарё, Намангон, Сурхондарё ва Фарғона 87 ҳазор нафар аз назорати мақсадноки тиббӣ гузаштанд. Аз имрӯз cap карда маоши якмоҳаи коркунони тиб 30 фоиз афзуд.

    Дар ҷамъомад дар баробари корҳои амалишуда вазифаҳои пешистода баррасӣ шуданд.

    – Дар асоси тамоюли «ба номи шаъну шарафи инсон» мо солҳои охир бисёр фармону қарорҳо қабул кардем, – гуфт роҳбари давлат. – Сарфи назар аз мушкилоти глобалӣ барои зиёд кардани маоши кормандони соҳаи тиб чораҳо андешидем. Низом бояд дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар деҳаҳои дурдасттарин кор кунад. Бояд ба саломатии ҳар як шаҳрванд ғамхорӣ зоҳир кард.

    Шахсони масъул доир ба беҳтар намудани идоракунӣ ва шароити моддию техникии соҳа, тағйир додани протоколҳои табобат, густариши низоми суғуртаи тиббӣ, рушди таълими тиббӣ маълумот доданд.

    Ба звенои ибтидоӣ диққати махсус дода, вазифаи то охири сол кушодани боз 51 бунгоҳи тиббии оилавӣ ва дармонгоҳ, дар ҳазор маҳалла ташкил кардани бунгоҳҳои тиббӣ, гузарондани скрининги мақсадноки аҳолӣ гузошта шуд. Рафти кори баланд бардоштани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ баррасӣ гардид.

    Супориш дода шуд, ки миқдори намудҳои ҷарроҳии баландтехнологӣ дар беморхонаҳои вилоятӣ бо такмили ихтисоси кормандони тиббии онҳо ба 250 адад расонида, низоми нави табобати имтиёзнок пурра ҷорӣ карда шавад.

    Президент ба масъалаи рақамигардонии соҳа таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд. Тибқи супоришҳои қаблӣ инфрасохтори дахлдори муассисаҳои тиббӣ нав карда мешавад. Беморхонаҳои минтақаҳо бо компютер ва шабакаи маҳаллӣ таъмин карда мешаванд. Мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ таснифгари ягона, феҳрист ва барномаи табодули маълумот таҳия карда мешавад.

    Дар ҷамъомад муҳимияти рақамигардонии зина ба зина ва ҳамгароии тамоми звеноҳои тандурустӣ, муҷаҳҳазгардонии замонавии муассисаҳо, афзун гардондани ҳаҷм ва густариши номгӯи хидматҳои пулакӣ таъкид гардид.

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон 25 апрели соли равон ба қарор “Дар бораи пурзӯр гардондани ҳифзи модару кӯдак дар солҳои 2022-2026” имзо гузошт. Мувофиқи ҳуҷҷат дар 191 беморхонаи марказии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ шуъбаи ҷоннокгардонии кӯдакон, дар 208 поликликаи серсоҳа ва 71 поликлиникаи оилавии шаҳри Тошканд – шуъбаҳои бачагона ташкил карда шудаанд.

    Сарвари давлат зарурати кушодани чунин шӯъбаҳоро дар дигар ноҳияҳо, ҳамчунин рушди фаъолияти марказҳои акушерию гинекологӣ, солимии репродуктивии аҳолӣ ва марказҳои скринингиро қайд намуд.

    Доир ба ислоҳоти низоми санитарию эпидемиологӣ, навсозии қоидаву меъёрҳои санитарӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ дастурҳо дода шуданд.

    Ба ҳар як муовини вазири тандурустӣ вазифа гузошта шуд, ки дар самтҳои назоратшаванда “харитаи роҳ” таҳия кунад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates