Дар ин бора агентии AP бо истинод ба созмонҳои маҳаллии ҳимояи ҳуқуқи инсон хабар додааст.

Бино ба маълумоти онҳо, дар вилояти Итурии Конго 15 нафарро дар хонаҳо маҳкам намуда, зинда сӯзонда шудаанд, ҳафт нафарро бо тир куштаанд. Дар ноҳияи Валезе Вокуту боз се нафар ҷон бохтаанд.

Гурӯҳи «Қувваҳои демократии муттаҳид»-и Ҷумҳурии Демократии Конго то ҳол масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, менависад report.az.