Барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳамаи манбаъҳои энергия ба кор андохта мешаванд. Илова бар иқтидорҳои анъанавии тавлиди барқ, дар чанд соли охир тақрибан 4 гигаватт иқтидорҳои энергияи алтернативӣ ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа ҳиссаи энергияи "сабз" то 16 фоиз афзоиш ёфт.
Дар тӯли панҷ соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидорҳои иловагии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (ВИЭ) ба 25 гигаватт расонда шавад. Ин имкон медиҳад, ки истеҳсоли энергияи "сабз" ба 64 миллиард киловатт-соат расонида шавад. Умуман, мақсад гузошта шудааст, ки то соли 2030 ҳиссаи энергияи "сабз" дар генератсияи кишвар зиёда аз 50 фоизро ташкил диҳад.
Тавсеаи технологияҳои рақамӣ, мошинҳои электрикӣ, электроника, зеҳни сунъӣ, майнинг ва дигар соҳаҳо талаботи қувваи барқро босуръат афзоиш додаанд. Айни замон, бисёре аз кишварҳо роҳҳои гузариш ба намудҳои нави энергияро меҷӯянд. Манбаъҳои анъанавии сӯзишвории канданиҳо тадриҷан ҷойи худро ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия медиҳанд. Ҳоло 42 фоизи ҳаҷми умумии генератсияи ҷаҳонӣ ба энергияи алтернативӣ рост меояд.
Энергетикаи атомӣ роҳи беҳтарини созмон додани иқтидорҳои устувори дарозмуддат аст. Дар ҷаҳон имрӯз 417 реактори атомӣ бо иқтидори умумии 375 гигаватт фаъолият мекунанд. Неругоҳҳои нави атомӣ сохта мешаванд ва бисёр давлатҳо энергияи атомиро ба стратегияи рушди худ дохил намудаанд.
Кишвари мо, ки захираҳои урани худиро дорад, инчунин нақша дорад, ки заминаи устувори энергетикиро ташкил кунад. Аз ҷумла, лоиҳаи сохтмони реакторҳои хурд таҳия шудааст. 5 декабри соли 2024 дар шаҳри Самарқанд конфронси байналмилалӣ оид ба истифодаи энергияи атомӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад шахсони масъул дар бораи корҳое, ки дар самти рушди энергетикаи атомӣ анҷом дода мешаванд, маълумот пешниҳод карданд.
Сарвари давлат оид ба омодасозии мутахассисон барои нерӯгоҳи оянда ва соҳа дар маҷмӯъ, инчунин таъмини амният дар сатҳи талаботи Оҷонсии байналмилалии нерӯи атомӣ супоришот дод. Қайд гардид, ки татбиқи чунин технологияҳо рақобатпазирии иқтисодиётро баланд мебардорад ва заминаи мусоидро барои рушди дарозмуддат фароҳам меорад.