Аввалин парвози мусофирбарӣ дар самти "Алмаато - Самарқанд - Алмаато" 18 марти соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкати «Uzbekistan Airports», қарор аст, парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Airbus A320 ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода шаванд.
Барои маълумот: FlyArystan ширкат-лоукостери ҳавопаймоии арзони Қазоқистон аст, ки қароргоҳаш дар Алма-Ато ҷойгир аст. Ин ширкат дар заминаи ширкати бузургтарини ҳавоии Қазоқистон Air Astana таъсис ёфтааст.









