Ширкати ҳавопаймоии «Победа» ба Ӯзбекистон парвозҳоро оғоз мекунад

    Нақлиёт 7 Mart 2023 1587

    Ширкати ҳавопаймоии «Победа»-и Русия ба нақша гирифтааст, ки аз 21 апрели соли 2023 бо хатсайрҳои чартерии мустақим Маскав ва Тошкандро пайвандад.

    Ба иттилои дафтари матбуоти ширкати «Uzbekistan Airports», қарор аст, парвозҳои мунтазам дар хатсайри «Маскав – Самарқанд – Маскав» ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода шаванд.

    Ин ниятро намояндагони ширкати ҳавопаймоии Русия бо идоракунандаи ширкати фурудгоҳҳои байналмилалии Uzbekistan Airports изҳор доштанд. Дар мулоқот масъалаҳои ташкили парвозҳои мунтазами мусофирбар аз шаҳрҳои Русия ба Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

    Барои маълумот: «Победа» ширкати ҳавопаймоии камхарҷи Русия буда, корхонаи фаръии гурӯҳи «Аэрофлот-Российские авиалинии» мебошад, ки қароргоҳаш дар фурудгоҳи Внуково (Маскав) ҷойгир аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates