Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати “Uzbekistan Airports”, ба нақша гирифта шудааст, ки парвозҳои ҳавоӣ дар хатсайри Маскав – Тошканд – Маскав ҳамарӯза тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 амалӣ карда шаванд.

Имрӯз ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои ҳаррӯзаро дар хатсайри «Маскав – Самарқанд – Маскав», инчунин «Санкт-Петербург – Самарқанд – Санкт-Петербург» бомуваффақият анҷом медиҳад.

Барои маълумот: «Победа» ширкати ҳавопаймоии камхарҷи Русия,  корхонаи фаръии гурӯҳи  «Аэрофлот»-и Русия мебошад, ки қароргоҳаш дар фурудгоҳи Внуково (Маскав) ҷойгир аст.