Аз 21 июн дар масири "Теҳрон-Самарқанд-Теҳрон" парвозҳои мунтазами мусофирбарӣ оғоз мешаванд.
Қарор аст, парвозҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати Airbus A320 ҳафтае як маротиба - рӯзҳои чоршанбе анҷом дода шаванд.
Барои маълумот: Qeshm Air - ширкати ҳавопаймоии эронӣ, қароргоҳаш дар Теҳрон буда, соли 1993 таъсис ёфта, парвозҳои мунтазами мусофирбарҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин парвозҳои чартериро анҷом медиҳад.