Аввалин парвози мусофирбарӣ дар масири "Мадрид - Тошканд" 23 майи соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳавопаймо баробари сайёҳон, инчунин ба Ӯзбекистон операторони бузурги сайёҳии Испания, журналистон ва блогерҳо меоянд.
Қарор аст, ки парвозҳо дар самтҳои “Мадрид – Тошканд – Мадрид” ва “Мадрид – Урганҷ – Мадрид” дар ду ҳафта як маротиба анҷом дода шаванд. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои навъи Airbus A330-300 анҷом дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи аввал парвозҳои чартерӣ то охири моҳи июн идома ёфта, аз сентябр то октябри соли 2024 дубора барқарор мешаванд.
Барои маълумот: World2Fly ширкати ҳавопаймоии мусофирбарии испанӣ буда, соли 2020 таъсис ёфтааст ва қароргоҳаш дар Пальма-де-Майорка (Испания) мебошад.