Дар шаҳри Бурсаи Туркия балети "Лазгӣ - рақси рӯҳ ва ишқ" муаррифӣ мешавад

    Фарҳанг 23 Iyun 2022 2317

    28-29 июн дар шаҳри Бурсаи Туркия балети "Лазгӣ" – рақси рӯҳ ва ишқ ба намоиш гузошта мешавад. Рақсе, ки на танҳо ба қалби тамошобинони ӯзбек, балки хориҷӣ низ роҳ ёфтааст, дар саҳнаи Маркази конгрессҳо ва фарҳанги "Мерино Отатурк" намоиш дода мешавад.

    Дар ин бора муовини раиси Шӯрои Фонди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон Саида Мирзиёева хабар дод.

    "Умедворам, ки балети "Лазгӣ – рақси рӯҳ ва ишқ" барои ошноии тамошобинони турк бо анъанаҳои мо ва таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ кумак хоҳад кард", – навиштааст Саида Мирзиёева дар Telegram-канали худ.

    Вай инчунин қайд кард, ки Туркия ва Ӯзбекистон, бахусус Хоразмро решаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ ба ҳам мепайвандад: «Мо аз имконияти намоиш додани шоҳасари рақси миллии ӯзбек дар Туркия хеле шодем».

    Рақси бостонии «Лазгӣ», ки таърихи ҳазорсола дорад, тавассути эҷоди вариантҳои нави иҷрои он аз насл ба насл мегузарад. Дар сарзамини Хоразм ба дунё омада, он ибтидои эҷодии одамро инъикос мекунад. Бо ёрии ҳаракатҳои наҷиб садо ва ҳодисаҳои олами атроф, ишқу саодат армуғон мегардад. Илова бар ин, рақси хоразмии «Лазгӣ» яке аз шаклҳои худшиносии мардум аст. Ва пайвастани он бо иҷрои балет санъати асилро ба вуҷуд меорад.

    Бояд гуфт, ки “Рақси Хоразмӣ – Лазгӣ” ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии башарият ҳамчун унсури мероси фарҳангии Ӯзбекистон ворид карда шудааст.

    Бо як сухан ифода намоем, рақси лазгӣ – яке аз намунаҳои санъати миллии ӯзбек, рақси муҳаббат ва рӯҳ дар миқёси ҷаҳон шуҳрат пайдо мекунад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates