Имрӯз зеҳни сунъӣ ба яке аз воситаҳои калидӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, амният ва дигар самтҳои муҳим табдил ёфтааст. Истифодаи он ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, сарфаи оқилонаи захираҳо ва беҳтар намудани сифати хидматрасониҳои ба аҳолӣ пешниҳодшаванда мусоидат мекунад.
Солҳои охир дар Ӯзбекистон дар ин самт ислоҳоти системавӣ пайдарпай татбиқ мешаванд. Дар натиҷа, кишвар дар раддабандии байналмилалии татбиқи зеҳни сунъӣ 17 зина боло рафта, миёни 188 давлат ҷойи 70-ум ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол кард.
Тавре ки Президент таъкид намуд, ин дастовардҳо натиҷаи қадамҳои аввалини дар ин самт гузошташуда мебошанд, вале дар пеш корҳои бузург ҳанӯз интизоранд. Бо ин мақсад соли гузашта Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2030 тасдиқ гардида, дар назди Вазорати технологияҳои рақамӣ маркази махсус таъсис ёфт.
Дар тақдимот самтҳои афзалиятноки рушди соҳа баррасӣ шуданд.
Барои татбиқи лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ дар иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ 50 миллион доллар ҷудо шудааст. Пакети иборат аз 86 лоиҳа, ки тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, экология ва бахши молиявиро дар бар мегирад, таҳия гардид. Ҳамзамон, сохтмони кластери суперкомпютерӣ ҷараён дорад, ки кишварро бо иқтидорҳои муосири ҳисоббарорӣ барои татбиқи ҳалли ЗС таъмин мекунад.
– Барои суръат бахшидан ба рушди зеҳни сунъӣ бояд пайваста таҷрибаи пешқадами дохиливу хориҷиро омӯзем ва онро татбиқ намоем. Муҳим аст, ки ҳамкориро бо ҳамватанони мо, ки дар хориҷ фаъолият доранд, бо коршиносони пешсаф ва намояндагони бахши хусусӣ ба роҳ монем, – таъкид кард Сарвари давлат.
Дар ҷараёни муҳокима қайд гардид, ки бояд ба таъсиси марказҳои муосири коркарди маълумот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, ки ба рушди инфрасохтори зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ доранд, аҳамияти махсус дода шавад.
Масъалаи омода кардани кадрҳои баландихтисос – омили калидии рушди муваффақонаи соҳа алоҳида баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин кор бояд аз мактабҳо оғоз ёбад: сатҳи малакаи омӯзгорони фанни информатика баланд бардошта, барномаҳои таълимӣ навсозӣ ва китобҳои дарсии насли нав таҳия карда шаванд.
Бо мақсади суръат бахшидани омодасозии мутахассисон як қатор ташаббусҳо амалӣ мегарданд. Дар доираи барномаи миллии «Як миллион роҳбарони зеҳни сунъӣ» платформаҳои таълимии aistudy.uz ва omp.aistudy.uz ба кор даромаданд, ки дар онҳо панҷ курси ройгони онлайн амал мекунанд. То соли 2027 барнома имкон медиҳад, ки 1 миллион ҷавон бо донишу малакаҳои муосир дар соҳаи еҳни сунъӣ тайёр карда шаванд.
Бо мақсади ошкор ва дастгирии ғояҳои умедбахш дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҳакатонҳо оид ба зеҳни сунъӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, дар Нуқус HealthTech AI Hackathon, бахшида ба масъалаҳои тандурустӣ, бомуваффақият гузаронида шуд. Зарурати густариши ин таҷриба ва ташкили чорабиниҳои ба ин монанд дар соҳаҳои маориф, хоҷагии об, низоми судӣ ва соҳибкорӣ таъкид гардид.
Президент нақшаҳои пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, супориш дод, ки онҳоро такмил дода, дар самти суръат бахшидани корҳо оид ба татбиқи зеҳни сунъӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафта ва баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа густариш диҳанд.









