Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Александр Лукашенко ба маҷмааи ёдгории "Ҳазрати Хизр" ташриф овард ва ба пояи қабри Президенти Нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов гул гузошт.
Дар барномаи сафар баргузор намудани мулоқот бо Президенти Ӯзбекистон ва иштирок дар чорабиниҳои ҳамоиши самарқандии СҲШ пешбинӣ шудааст.