Дар ин бора котиби матбуотии Кохи Сафед Кэролайн Ливитт 7 январ дар нишасти навбатии матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи Ливитт, назорати пурраи ИМА бар Гренландия ба Вашингтон имкон медиҳад, ки «Чин, Русия ва дигар рақибони мо таҷовузкориро дар ин минтақаи муҳим ва стратегӣ идома надиҳанд». «Имтиёзҳои дигар низ мавҷуданд», илова кардааст ӯ.

Президенти ИМА Доналд Трамп чанд бор зарурати ҳамроҳ шудани Гренландия ба ИМА-ро таъкид кардааст. Дар давраи аввали раёсати худ ӯ харида гирифтани Гренландияро пешниҳод намуда буд ва дар моҳи марти соли 2025 изҳор дошт, ки мумкин аст ҷазира аннексия карда шавад ва дар сурати радди ин масъала ба Копенгаген бо ҷорӣ намудани боҷҳои тиҷоратӣ таҳдид кард. Сарвазири Дания Метте Фредериксен ин иддаоҳоро рад намуда, таъкид мекунад, ки ҷазира як қисми шоҳигарӣ мебошад.

Гренландия ҳамчун минтақаи худмухтор ба таркиби Дания дохил мешавад. Соли 1951 Вашингтон ва Копенгаген дар доираи ӯҳдадориҳои худ дар НАТО шартномаи мудофиавии Гренландияро имзо кардаанд. Тибқи ин санад, ИМА уҳдадори ҳифзи ҷазираро аз таҷовузи эҳтимолӣ ба дӯш гирифтааст, хабар медиҳад tass.ru.