Ба иштирокчиёни Форуми хидмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид

    Ҳозирини гиромӣ! Меҳмонони азиз!

    Бо камоли самимият ҳамаи шуморо ба муносибати оғози Форуми хидмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид, ки бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, табрик мегӯям.

    Сипоси хоссаи худро ба Ҷаноби Олӣ, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, муҳтарам Антониу Гутерриш барои дастгирии ташаббуси мо ҷиҳати баргузории ин форум дар шаҳри Самарқанд, ки дар чорроҳаи тамаддунҳои ҷаҳон воқеъ аст, изҳор менамоям.

    Фурсатро ғанимат шуморида, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи хидмати давлатӣ, ки ҳамасола 23 июн бо ташаббуси СММ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик мегӯям.

    Тавре маълум аст, имрӯз ҷаҳон бо мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла, афзоиши низоъҳои сиёсӣ, ки рушди устуворро халалдор месозанд, тағйирёбии иқлим, камбуди захираҳои табиӣ ва инсонӣ, ҳамчунин таҳдидҳои киберӣ рӯ ба рӯ гардидааст.

    Боварӣ дорам, ки форуми байналмилалии имсола, ки зери мавзӯи «Панҷ сол то соли 2030: суръат бахшидани расонидани хидматрасониҳои давлатӣ барои ояндаи устувор» баргузор мешавад, ба такмил бахшидани низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ки дар рушди ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад, такон мебахшад. Ин форум ба баланд бардоштани сатҳи он мутобиқи талаботи замон, таҳкими иқтидори кадрҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мусоидат мекунад.

    Дар ин форуми анъанавӣ тақрибан 400 намояндаи Созмони Милали Муттаҳид, дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои гуногуни қораҳо ва минтақаҳои ҷаҳон ширкат меварзанд, ки ин гувоҳи мақоми баланд ва аҳамияти он мебошад.

    Муҳтарам иштирокдорони форум!

    Имрӯз мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар пешбурди трансформатсияи рақамии идоракунии давлатӣ, истифодаи ҳалли инноватсионӣ дар расонидани хидматрасониҳои давлатӣ, куллан баланд бардоштани самаранокии ниҳодҳои бахши давлатӣ, рушди усулҳои навини роҳбарӣ, густариши таълими пайваста ва муайян кардани маҳоратҳое, ки роҳбарони оянда бояд дошта бошанд, аз ҳарвақта дҳида аҳамияти бузург касб мекунад.

    Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки Ӯзбекистони Нав, ки ҳарчи бештар рӯ ба ҷаҳон мекушояд, аз роҳи ислоҳоти суръатнок пеш меравад ва таҷрибаи пешқадами байналмилалиро васеъ татбиқ менамояд, ба таври қатъӣ ба принсипи «давлат — барои мардум» амал намуда, ба ҷузъи ҷудонашавандаи тағйироти глобалӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ табдил ёфта истодааст.

    Солҳои охир дар Ӯзбекистон ислоҳоти низомноке роҳандозӣ гардидаанд, ки ҳадафи он табдил додани хидмати давлатӣ ба хидмати ҳақиқатан фарогир ва мардумӣ мебошад. Аз ҷумла, якҷо бо коршиносони байналмилалӣ Қонун «Дар бораи хидмати давлатии шаҳрвандӣ» таҳия гардид.

    Бо мақсади расонидани ислоҳот ба ҳар як хонадон, низоми кор дар сатҳи маҳаллаҳо ҷорӣ карда шуд, институти кӯмакрасонии мақсаднок ва ҳимояи иҷтимоӣ тақвият ёфт, саҳми занон дар идоракунии давлатӣ ба 35 фоиз расид ва дар ин самт кишвари мо мавқеи пешсафро дар минтақа ишғол намуд. Зиёда аз 700 хидматрасонии давлатӣ тавассути платформаҳои онлайни бар асоси принсипи «равзанаи ягона» пешниҳод мегардад.

    Дар натиҷаи рақамикунонии пурраи равандҳои хидмати давлатӣ ва идоракунӣ, Ӯзбекистон дар давоми як соли охир дар рейтинги ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба сатҳи рушди «ҳукуматдории электронӣ» 24 зина боло рафт ва дар индекси байналмилалии омодагӣ ба истифодаи зеҳни сунъӣ 17 зина пеш рафт.

    Бо мақсади ташкили хидмати давлатии шаҳрвандӣ бо истифода аз равишҳои нав, мо кластере барои омода намудани кадрҳо таъсис додем, ки барои ҷалби мутахассисони лаёқатманд, ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ташаккули корпуси касбии хизматчиёни давлатӣ равона шудааст.

    Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, барои таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва дастгирии сармоягузорӣ ба капиталҳои инсонӣ, низоми истифодаи имкониятҳои эндаумент (сармоягузории устувор) ҷорӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, мо шуморо ба дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии худ — оид ба таъсиси Маркази глобалии дониш дар самти трансформатсияи рақамии хизмати давлатӣ ва Мактаби байналмилалии роҳбарони ҷавон дар Ӯзбекистон даъват менамоем.

    Ин ташаббусҳо имкониятҳои васеъро барои фаъолсозии мубодилаи таҷриба миёни ҳукуматҳо, навоварон ва шарикони рушд, тарбияи насли ояндаи хизматчиёни давлатӣ, истифодаи васеи воситаҳои рақамӣ дар идоракунӣ ва ҳаёти рӯзмарра, ҳамчунин ворид кардани инноватсияҳо дар бахши давлатӣ фароҳам меоранд.

    Бовар дорам, ки чунин ташаббусҳо ва пешниҳодҳои муҳиму арзишманд дар Эъломияи Самарқанд, ки дар доираи форум қабул мегардад, пурра инъикос хоҳанд ёфт ва ин санади муҳими стратегӣ барои ҳамаи мо барномаи муштараки амал дар роҳи расидан ба хизмати давлатӣ, ки фарогир, устувор ва ба инсон нигаронида шудааст, хоҳад шуд.

    Барои ҳамаи шумо дар ин роҳи пуршараф муваффақиятҳои калон ва кори самараноки форумро орзу менамоям.

    Шавкат Мирзиёев

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates