Солҳои охир дар ин ҷо инфрасохтор босуръат рушд ёфта, барои истироҳати ҷолиб дар ҳар фасли сол шароит муҳайё карда мешавад. Аллакай иншооти бузурге, мисли «Амирсой», «Чиноркент», «Дарвозаҳои Чорвоқ», инчунин меҳмонхонаҳои муосир, минтақаҳои истироҳат ва муассисаҳои хӯрокворӣ ба истифода дода шудаанд.
Акнун ба онҳо курорти байналмилалии тамомисолаи «Чимгон» ҳамроҳ мегардад. Барои ин лоиҳа, ки якҷоя бо ширкати фаронсавии MND татбиқ мегардад, 1 278 гектар замин ҷудо шудааст. Дар доираи он меҳмонхонаҳо ва роҳи канатӣ сохта мешаванд, ки сайёҳонро то баландии 3 300 метр аз сатҳи баҳр мебардорад. Ин имкон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тӯли тамоми сол: зимистон — лижаронӣ ва сноуборд, дар дигар фаслҳо — кӯҳнавардӣ, сайругаштҳои пиёдагӣ ва истироҳати фароғатӣ пурра ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат меҳмонхонаҳо, ресторанҳо ва марказҳои савдои курортро аз назар гузаронд. Аз ҷумла, меҳмонхонаи шашошёнаи муосир метавонад 320 сайёҳро қабул намояд ва ба ҳисоби миёна ба 45 ҳазор меҳмон хидмат расонад. Муҳим он аст, ки идораи меҳмонхона якҷоя бо бренди Wyndham ба роҳ монда мешавад, ки сатҳи баланди хидматрасониро кафолат дода, симои байналмилалии соҳаи сайёҳии кишварро тақвият мебахшад.
Дар доираи боз як лоиҳаи дигар апартамент-меҳмонхонаҳои 5 ва 7 ошёна, меҳмонхонаи ҳафтошёна ва ресторани дуошёна бунёд гардиданд. Иқтидори онҳо барои қабули беш аз 54 ҳазор сайёҳ дар як сол пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо зиёда аз 100 нафар бо кор таъмин мегарданд. Ҳамзамон сохтмони шаш хонаи-шале идома дорад.
Президент зарурати истифодаи таҷрибаи пешқадамро ҳангоми сохтмони маҷмааҳои нав ва ташкили соҳаи хизматрасонӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳоро таъкид намуд. Оид ба тарғиби фаъоли имкониятҳои минтақа дар платформаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ супоришот одода шуданд.
Дар ҳудуди маҷмаа таваққуфгоҳи автомобилӣ барои 300 ҷой сохта шуда, ошёнаи аввалини он ба ресторан, майдончаи бозии кӯдакон ва нуқтаҳои савдо ҷудо шудааст. Ин на танҳо қулайиро таъмин мекунад, балки имконияти гирифтани доираи васеи хизматрасониҳоро дар як ҷо барои меҳмонон фароҳам меорад.
Дар маҷмӯъ, ба шарофати курорти умумимавсимии «Чимгон» ҳазорҳо ҷойи нави корӣ дар соҳаи хидматрасонӣ пайдо мешаванд ва аҳолии маҳаллӣ манбаи устувори даромад мегиранд. Хидматрасонии муосир шумораи бештари сайёҳони хориҷӣ ва дохилиро ҷалб хоҳад кард.
Рушди сайёҳӣ дар Бӯстонлиқ бо дигар соҳаҳо зич пайванд дошта, симои иқтисодии минтақаро дигар мекунад. Шумораи нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ меафзояд, ҷараёни нақлиёт зиёд мешавад. Дар доираи лоиҳа нақб барои автомобил сохта шуд, ки воситаи муҳими тамоми инфрасохтор гардид.
Нақб қитъаи роҳи 1 450-метра, ду пул ва роҳравҳои пиёдагардро дар бар мегирад. Он роҳро ба курортҳои кӯҳии минтақа ба таври назаррас кӯтоҳ карда, амниятро баланд мебардорад ва ҳаракати нақлиётро осон мекунад. Аз тариқи нақб беш аз 500 мошин дар як соат озодона ва роҳат ҳаракат карда метавонанд.
Таъкид гардид, ки роҳҳои бароҳат омили муҳим барои пурра ифшо намудани иқтидори сайёҳии минтақа ва рушди иқтисод мебошанд. Ҳамчунин зарурати муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва ташаккули фарҳанги экологии истироҳаткунандагон таъкид шуд.
Ин гуна лоиҳаҳо на танҳо барои сайёҳон қулайӣ фароҳам меоранд, балки ҷаззобияти сармоягузорӣ ва арзиши фарҳангии кишвари моро низ тақвият медиҳанд. Имрӯз Бӯстонлиқ ба яке аз марказҳои дурахшони сайёҳӣ табдил ёфтааст, ки дар он зебоии табиат бо маҷмааҳои муосир ва сатҳи баланди хизматрасонӣ ҳамоҳангона пайваст мегардад.












