Ширкати бритониёии Vodafone дар Ӯзбекистон оператори мобилиро роҳандозӣ мекунад

    20 август дар Нуқус мулоқоти Президент ба амал омад, ки дар он ҷо муассиси ширкати нассоҷии UzTex Group ва саҳмдори асосии InfinBank Фарҳод Маматҷонов дар бораи роҳандозии оператори нави мобилӣ хабар дод.

    «Шумо дастур додед, ки брендҳои ҷаҳонӣ ба Ӯзбекистон ҷалб карда шаванд. Якҷоя бо ширкати пешбари бритониёии Vodafone мо лоиҳаи роҳандозии як оператори мобилиро оғоз кардем, ки шабакаи 5G Standalone-ро дастгирӣ мекунад», - гуфт муассис.

    Ӯ зикр кард, ки барои амалӣ намудани ин лоиҳа ширкати Perfectum хусусӣ карда шудааст. Дар ин бора Kapital.uz бо истинод ба O’zbekiston 24 хабар медиҳад.

    “Мо дарк кардем, ки барои таъмини интернети босифат, махсусан дар сатҳи маҳаллӣ, расидан ба корбарони ниҳоӣ муҳим аст. Дар шарикӣ бо Uzcard мо корҳоро оид ба роҳандозии Vodafone оғоз кардем ва умедворем, ки ин соли оянда сурат хоҳад гирифт”, - афзуд Маматҷонов.

    Ширкати Nokia-и Финландия, ки таҷҳизоту фанновариро интиқол медиҳад, низ дар ин тарҳ ширкат мекунад ва аллакай корҳои насбкунӣ оғоз шудааст.

    Муассис гуфт, ки маблағи умумии сармоягузорӣ ба лоиҳа 250 миллион евроро ташкил медиҳад. Аз ин 100 миллион евро тавассути Оҷонси содиротии Финландия ва “Ӯзсаноатқурилбонк” ҷалб карда шуда, 150 миллион еврои боқимонда аз ҷониби муассисон сармоягузорӣ шудааст.

    «То кунун операторони мобилӣ дар Ӯзбекистон танҳо ширкатҳои хориҷӣ ё давлатӣ буданд. Ҳоло мо аввалин оператори миллиро таъсис дода истодаем», - таъкид кард ӯ.

    Барои маълумот: Vodafone ширкати пешбари телекоммуникатсионӣ дар Британияи Кабир буда, дар зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон алоқаи мобилӣ ва интернетро пешкаш мекунад ва ба тақрибан 400 миллион корбар дар саросари ҷаҳон хидмат мерасонад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates