Чунин мулоқоти нахустин 20 августи соли 2021 баргузор шуда буд. Он вақт Сарвари давлат пешниҳод кард, ки чунин вохӯриҳо ҳар сол баргузор шаванд ва 20 август ҳамчун Рӯзи соҳибкорон муқаррар гардад.
Аз ҳамон вақт мулоқотҳои ошкоро ба як анъанаи нек табдил ёфтанд. Дар онҳо масъалаҳои муҳимтарини марбут ба бизнес баррасӣ мешаванд ва қарорҳо дар ҳамкорӣ бо худи соҳибкорон қабул мегарданд. Ин нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Президент ба рушди соҳибкорист.
Дар давраи гузашта тақрибан ҳазор пешниҳод ва ташаббусе, ки соҳибкорон зимни мулоқотҳо ба миён гузоштаанд, дар қонунҳо ва қарорҳо инъикос ёфтаанд. Дар доираи омодагӣ ба мулоқоти имсола бо тақрибан 7 ҳазор намояндаи 26 соҳа вохӯриҳо баргузор шуданд. Илова бар ин, тавассути маркази занг беш аз 13 ҳазор муроҷиат ва андеша ворид шудааст.
Интизор меравад, ки имрӯз Сарвари давлат қарорҳои навро, ки бар асоси пешниҳодҳои воридшуда таҳия шудаанд ва ба фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоидтар барои фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидаанд, муаррифӣ намояд.