Мақсади асосии лоиҳаҳои сохтмонӣ – созмон додани ҷойҳои корӣ

    Ҳукумат 6 Aprel 2022 6269

    Президент Шавкат Мирзиёев 6 апрел бо тақдимоти лоиҳаҳои сохтмонӣ шинос шуд.

    Кӯчаи Янги Ӯзбекистан ба яке аз рагҳои мухимтарини пойтахт табдил меёбад. Дар солҳои охир дар ин ҷо боғи нав, купрӯк, донишгоҳ сохта шуданд. Акнун дар шафати кӯча бунёд намудани маҷмӯъҳои замонавӣ, ки аз манзилҳо, меҳмонхонаҳо, кинотеатрҳо, тарабхонаҳои майдони умумиашон 610 гектар иборат аст, ба нақша гирифта шудааст.

    Сарвари давлат нахуст бо макети лоиҳа шинос шуд.

    Мувофиқи лоиҳа биноҳо чорошёна, чор варианти гуногун хоҳанд шуд. Дар ошёнаҳои якум муассисахои савдо ва хидматрасонӣ, дар ошёнаҳои боло – манзилҳои истиқоматӣ ва меҳмонхонаҳо ҷойгир карда мешаванд. Дар қад-қади кӯча роҳҳои пиёдагардон ва велосипедронӣ, инчунин гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ сохта мешаванд.

    Президент лоиҳаро маъқул донист ва оид ба самарабахшии энергетикии манзилҳо, таъмин кардани ҳарорарти мақбул дар гармо ва сардӣ тавсияҳо дод. Таъкид гардид, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳи хоса бояд дод.

    –Аз ҳама муҳимаш – фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ва ҷойҳои корӣ барои мардуми мост, – гуфт роҳбари давлат.

    Мувофиқи ҳисобҳо биноҳо барои савдо ва хидматрасонӣ 1,7 миллион метри мураббаъ майдон пешбинӣ шудааст. Дар заминаи онҳо 14 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

    Инчунин ҷиҳати рушди инфрасохтори фурудгоҳи «Тошканд-Шарқӣ» ва фароҳам овардани шароити муосир барои мусофирон тадбирҳо муайян карда шуданд.

    Дар муаррифии рӯзи 30 январ лоиҳаи сохтмони марказҳои маҳалла баррасӣ шуд. Ин дафъа лоиҳае муаррифӣ мешавад, ки дар асоси дастури Президент такмил дода шудааст.

    Ҳамин тариқ, дар ҳар як марказ варзишгоҳ, майдончаҳои бозӣ, китобхона, утоқи компютерӣ, ошхона, ҳаммом ва дигар иншоотҳо бунёд хоҳанд шуд.

    Вазифа гузошта шуд, ки макони ҷойгиршавии чунин марказҳо дар асоси пешниҳоди Вазорати дастгирии маҳалла ва насли калонсол муайян карда шавад.

    – Ҷойҳои ба ҷавонон наздикро бояд интихоб кард, ки дар он ҷо инфрасохтор мавҷуд аст. Дар он ҷо барои ҷамоати махалла низ уток ҷойгир кардан мумкин аст. Он гоҳ марказҳо ба марказҳои маданияту маърифат табдил меёбанд. Онҳо бояд ҳувияти миллии моро инъикос кунанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Тавре маълум аст, Бозиҳои осиёии наврасон соли 2025 дар Тошканд баргузор мешавад. Барои ин мусобиқаи бонуфуз деҳаи олимпӣ тарҳрезӣ шудааст, ки дар ноҳияи Яшнободи пойтахт бунёди он дар назар аст.

    Мувофиқи лоиҳа дар маркази шаҳр стадиони олимпӣ, дар ду тарафаш маҷмӯъҳои варзишии пӯшида, кохи варзиши обӣ, майдончаҳои машқ, канали заврақронӣ сохта мешавад. Инчунин сохтмони бинои маъмурӣ, хобгоҳ, осорхона ва объектҳои хоҷагӣ пешбинӣ шудааст.

    Зимни муаррифӣ дар бораи тадбирҳои оптимизатсияи арзиши иншооти деҳаи олимпӣ нақл карда шуд. Баъди муҳокимаи мутахассисон лоиҳа маъқул дониста шуд. Зарурати хушсифат анҷом додани корҳои бинокорӣ нишон дода шуд.

    – Ин комплекс моли халқи мо, ҷавонон мегардад. Бинобар ин сифат бояд дар мадди аввал бошад, – гуфт Президент.

    Лоиҳаҳои рушди соҳаи хидматрасонӣ дар шаҳри Тошканд, аз ҷумла, ташкили муассисаҳои нави хизматрасонӣ ва савдо дар қитъаҳои истифоданашудаи зери метрои рӯизаминӣ баррасӣ шуданд.

    Инчунин дар бораи корҳои созандагие, ки дар маркази сайёҳии Самарқанд татбиқ мегарданд, маълумот дода шуд.

    Ҳамаи қитъаҳои бинокориро як мақсад – ба вуҷуд овардани ҷои кор муттаҳид менамояд. Зеро дар рафти сохтмон ва ба истифода додани минбаъдаи ин иншоотҳо ҳазорон ҳамватанони мо бо кор таъмин хоҳанд шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates