Бухоро ба ҷашни калони кураш даъват мекунад

    Варзиш 22 Sentabr 2022 1768

    24 сентябри соли равон дар шаҳри Бухоро мусобиқаи Ҷоми кушоди вилоят миёни мардон ва занон оид ба кураш баргузор мешавад.

    Ин мусобиқаи бонуфуз дар маҷмӯи куҳан ва бостонии "Пои Калон"-и шаҳри Бухоро мегузарад ва командаҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриамон барои ғалаба мубориза мебаранд.

    Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа ғолибону ҷоизадорони дастаҳо бо медалу диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фонди ҷоизаи мусобиқа 120 000 000 сӯм буда, ба таври зайл тақсим карда мешавад:

    Ҷойи 1 – 60 000 000 сўм;

    Ҷойи 2 ​​– 30 000 000 сўм;

    Ҷойи 3-юм – 15 000 000 сўм.