Бухоро ба нахустин пойтахти ташаббусҳои ҷавонони дунёи турк табдил ёфт

    3-4 июни соли ҷорӣ Форуми IV пешвоёни ҷавони Созмони давлатҳои туркӣ (СДТ) баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он ба шаҳр мақоми "Нахустин пойтахти ташаббусҳои ҷавонони дунёи туркӣ" дода шуд.

    Тибқи иттилои Котиботи СДТ, форум дар доираи дар дунёи туркӣ "Соли дастгирии ташаббусҳои ҷавонон" эълон шудани соли 2022, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев 12 ноябри соли 2021 дар ҷаласаи 8-умин ҳамоиши Созмони давлатҳои туркӣ дар Истамбул пешниҳод шуда буд, баргузор гардид.

    Зиёда аз 200 нафар ҷавонон аз кишварҳои узви СДТ ва нозирон, масъулини муассисаҳои давлатӣ, вазорату идораҳои масъули сиёсати ҷавонон, пешвоёни ҷавони муваффақи соҳаҳои гуногун, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, соҳибкорони маъруф, рӯзноманигорон, блогерҳо, шахсони бонуфуз, намояндагони пешаҳои эҷодӣ, варзишгарон, воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

    Дар Бухоро дар доираи форум бахшида ба ин рӯйдод як қатор чорабиниҳо, аз қабили ифтитоҳи «Боғи ҷавонони ҷаҳони турк» ва муҷассамаи «Бухоро – пойтахти нахустин ташаббусҳои ҷавонони дунёитуркӣ» баргузор гардид, — хабар дод АИ «Дунё».

    Дар ифтитоҳи форум котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид Бағдод Амреев ба Бухоро шаҳодатномаи расмиро дар бораи додани мақоми “Нахустин пойтахти ташаббусҳои ҷавонони ҷаҳони туркӣ” супурд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates