20 сентябри соли ҷорӣ дар мулоқоти директори ширкат Булент Татар бо раҳбарияти вазорат самтҳои фаъолияти ширкат дар соҳаи сохтмон ва муҳандисӣ баррасӣ шуданд.
Ба лоиҳаҳои сохтмони кӯпрукҳо, нақбҳо, сарбандҳо, аэропортҳо, трамвайҳо ва роҳҳои оҳан ва масъалаҳои инкишофи инфраструктураи шаҳр диққати махсус дода шуд.
Ширкат инчунин дар бораи хизматрасониҳои худ оид ба лоиҳаҳое, ки аз ҷониби муассисаҳои бузурги сармоягузорӣ, аз қабили Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ мешавад, маълумот пешниҳод намуд. Аз ҷумла, масъалаи азнавсозии қитъаи роҳи автомобилгарди 4R12 “Бектемир – Чирчик – Ғазалкент – Чорбоғ” (километрҳои 6-77) бо нақшаи табдил додани он ба роҳи пулакӣ бо фаршҳои асфалту бетонӣ баррасӣ шуд.
Барои маълумотн: ширкати "Onur Group" лоиҳаҳои сохтмонии худро дар 13 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Туркия, Украина, Хорватия, Тунис, Молдова, Арабистони Саудӣ, Уммон, Қатар, Гвинеяи Экваториалӣ ва Туркманистон амалӣ мекунад.