Дар ин ҳудуд инфрасохтори зарурӣ ва маҷмааи замонавии истироҳатии иборат аз хонаҳои шакли капсула сохта мешавад. Инчунин дар ин ҷо ресторанҳо, роҳҳои симин ва пайроҳаҳои лижатозӣ бунёд хоҳанд шуд.
Хусусияти хонаҳои капсулавӣ дар он аст, ки онҳо сабук, кӯчпазир ва сарфакор мебошанд. Ба шарофати мавҷуд набудани сохтмони васеъ ин манзилҳо ба муҳити зист низ зарар намерасонанд.
Президент таъкид намуд, ки насби чунин хонаҳои капсулавӣ дар дигар ҷойҳои сайёҳӣ, ба мисли Бахмал, Шаҳрисабз ва Бойсун метавонад шумораи бештари сайёҳонро ҷалб намуда, таваҷҷуҳро ба ин минтақаҳо афзун гардонад.