Тавре Report хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии Geo TV бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ иттилоъ додааст.
Муовини сардори пулиси ноҳияи ҷанубӣ Сайед Асад Раза ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар мағозаи маркази савдо ҷасадҳои боз 30 нафар пайдо шудаанд.
То ҳол ҷасадҳои 11 нафар шиносоӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол ҳеҷ гуна далеле дар бораи амали террористӣ вобаста ба сӯхтор дар маркази савдо ошкор нагардидааст.
Қайд карда мешавад, ки шоми 17 январ дар ошёнаи якуми маҷмааи савдо, ки дар минтақаи сернуфуси шаҳри Карачӣ ҷойгир аст, сӯхтор сар зад. Оташ танҳо баъди 33 соат хомӯш карда шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби ҳодиса кӯтоҳшавии ноқилҳои барқӣ будааст.